МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ НАҚШИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ ДАР ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ГУРЕЗАҲО
Рўзи 13 ноябри соли 2025 дар Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Инсон ва адолат” ва бо ташаббуси раёсати Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо бо иштироки судяҳои судҳои ҷумҳурӣ дар мавзуи «Нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои гурезаҳо» м изи мудаввар баргузор гардид.

Кори мизи мудавварро директори Маркази таълимии судяҳо номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Завқизода С.А. бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, қайд карданд, ки масъалаи ҳифзи ҳуқуқи гурезаҳо аз солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти Тоҷикистон дар маркази таваҷҷӯҳи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ нахустин шуда ба Конвенсияи соли 1951 ва Протоколи соли 1967 оид ба мақоми гурезагон ҳамроҳ шуда, ба рушди низоми миллии додани паноҳгоҳ оғоз намуд.

Дар чорабинӣ собиқ раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои маъмурии Суди Олӣ Муродзода Б.Р., дар мавзуи “Баррасии судии парвандаҳои маданӣ дар бораи мавриди баҳс қарор додани қарори Комиссияи муштараки доимоамалкунандаи назди мақомоти корҳои дохилии ҶТ оид ба муайян кардани мақоми гуреза, дар хусуси рад кардани мақоми гуреза, қатъ ё маҳрум намудани мақоми гуреза” ва “Тартиби баррасии судии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба шахсони паноҳҷуянда ва гурезаҳо ” бо маърўза баромад намуда, ба саволҳои иштироккунандагон оид ба ҳолатҳои парвандаҳои судӣ вобаста ба муайян сохтани мақоми гурезаҳо посух доданд.

Дар кори мизи мудаввар инчунин масъалаҳои “Самтҳои ҳамкории дафтари миллии раёсати Комисари Олии СММ оид ба гурезаҳо” ва “Уҳдадориҳои байналмилалӣ ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи гурезаҳо баррасӣ шуданд. Рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи гурезаҳо ва масъалаҳои дастрасӣ ба паноҳгоҳ,” аз ҷониби намояндаи Раёсати Комиссари Олии СММ ва устоди факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон-таҳлилгари ташкилоти ҷамъиятии “Инсон ва адолат” Қодирқулов Х.Р. бо иштироки фаъоли судяҳои ҷалбгардида мавриди таҳлилу омўзиш қарор гирифт.
Дар охир иштироккунандагон баргузории чунин як чорабиниро имконияти мусоид ҷиҳати такмил додани дониши назариявӣ ва амалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи гурезаҳо ва шахсони паноҳҷўянда арзёбӣ карда, ба ташкилкунандагони он миннатдории худро баён намуданд.
