ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ СУДЯҲО ДАР МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ СУДЯҲОИ НАЗДИ СУДИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ САНАИ 10 ТО 20 НОЯБРИ СОЛИ 2025
Такмили ихтисоси судя, ки аз Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикисистон “дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” бармеояд, судяро ӯҳдадор месозад, ки дар ду сол як маротиба ба такмили ихтисос ҷалб шавад. Ниҳоди асосие, ки ҳам судя ва ҳам кормандони дастгоҳи судҳои ҷумҳуриро ба бозомӯзӣ ва такмили ихтисос фаро мегирад Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бо ҳамин мақсад, мутобиқи нақшаи кории Маркази таълимии судяҳо аз санаи 10 то 20 ноябри соли 2025 такмили ихтисоси судяҳо ба роҳ монда шуд. Ҳадафи асосии баргузории семинарҳои омӯзишӣ, баланд бардоштани сатҳи дониши касбӣ ва амалии судяҳо мебошад.
Рӯзи аввали семинар директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ муҳтарам Завқизода С.А. бо сухани ифтитоҳи баромад намуда аҳамияти баргузор гардидани семинарҳои омӯзишии мазкурро муҳим ва бамаврид арзёби намдуд. Мустаъқилияти судяро дар кори худ мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз принсипи асосии кории судя иброз намуда таъмини адолати иҷтимоӣ, ки танҳо ба дӯши судя вогузор карда шудааст масъулияти баланд номида таъкид намуданд, ки ҳангоми баррасии парвандаҳои гуногуни судӣ аз принсипҳои асосии судя бархӯрдор бошанд.

Иштирокчиёни даври навбатии курси такмили ихтисос аз ҳисоби раисон муовинон ва судяҳои судҳои ҳарбиву иқтисодӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иборат буда атрофи мавзӯҳои зерин такмили дониш намӯданд:
- Таҳияи санадҳои судӣ (ҳукм, таъинот,қарор) оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар судҳои марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратӣ тибқи талаботи меъёрҳои моддию мурофиавӣ ва Қарорҳои дахлдори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Асосҳои қабули ҳукми айбдоркунанда ва сафедкунанда (Бобои 36 КМҶ ҶТ);
- Баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар судҳои марҳилаи якум, кассатсионӣ ва назоратӣ;
- Асосҳои ба вуҷуд омадани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои маданӣ, амалӣ намӯдан ва ҳифзи ҳуқуқҳои маданӣ;
- Омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст;
- Сиёсати давлатӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо савдои одамон ва муҳоҷирони меҳнатӣ;
- Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо коррупсия, нақши протоколи Истамбули дар ин самт.
- Стратегияи миллии муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2021-2025;
- Хусусиятҳои баррасии парвандаҳои ҷиноятии хусусияти коррупсионидошта.
Маркази таълимии судяҳо ба ҳайси устод собиқадорони ҳокимияти судӣ, судяҳои амалкунандаи Суди Олӣ, намояндаи Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Директори Маркази таълимии судяҳоро ҷалб намуд, ки барои фаъолияти судяро дар сатҳи баланд ва ҷавобгу ба меъёрҳои милливу байналмиллалӣ мутобиқ созад то, ки адолати иҷтимоиро таъмин намоянд.
Дар анҷоми давраи омӯзишӣ ба иштирокчиён барои иштироки фаъолона ва аз худ намудани барномаи таълимӣ сертификатҳои шакли муқарраргардида супорида шуд.
Дар зер лаҳзаҳои супоридани сертификат ба иштирокчиён:
Лаҳзаи супоридани сертификат ба раиси суди шаҳри Душанбе Зикирзода Л.Х аз ҷониби директори Маркази таълимии судяҳо н.и.ҳ Завқизода С.А
Лаҳзаи супоридани сертификат ба судяи суди шаҳри Душанбе Ҷобирзода С.Ҳ аз ҷониби директори Маркази таълимии судяҳо н.и.ҳ Завқизода С.А
Лаҳзаи супоридани сертификат ба муовини якуми раиси суди н.И.Сомонии шаҳри Душанбе Маҳмадуллозода И. аз ҷониби директори Маркази таълимии судяҳо н.и.ҳ Завқизода С.А
Лаҳзаи супоридани сертификат ба судяи суди н.Синои шаҳри Душанбе Рузизода Г.Ё аз ҷониби директори Маркази таълимии судяҳо н.и.ҳ Завқизода С
Лаҳзаи супоридани сертификат ба судяи суди шаҳри Гулистони вилояти Суғд Раҷабзода С.А аз ҷониби директори Маркази таълимии судяҳо н.и.ҳ Завқизода С.А
Лаҳзаи супоридани сертификат ба судяи суди вилояти Хатлон Шарифзода А.С аз ҷониби директори Маркази таълимии судяҳо н.и.ҳ Завқизода С.А
