СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАСЪАЛАҲОЕ, КИ ҲАНГОМИ БАРРАСИИ ПАРВАНДАҲОИ СУДИИИ БА ТАБЪИЗ АЛОҚАМАНД БА МИЁН МЕОЯНД

Дар осоишгоҳи «Сароб» дар доираи ҳамкориҳои Суди Олӣ бо Фонди ҷамъиятии «Нотабене» дар ду давра бо ду гурӯҳи судяҳои судҳои ҷумҳурӣ  аз 02 то 04 ва аз 04 то 07 феврали соли ҷорӣ дар мавзуи «Баъзе масъалаҳое, ки ҳангоми баррасии парвандаҳои маданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии ба табъиз алоқаманд ба миён меоянд» семинари омӯзишӣ   баргузор гардид.

Мавзуи мазкур аз талаботи санадҳои ҳуқуқи байналмилалии зерини СММ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, бармеояд: Эломияи умумии ҳуқуқи башар аз 10 декабри соли 1948, Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон аз 18 декабри соли 1979, Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак аз 20 ноябри соли 1989, Конвенсияи байналмиллалӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ  аз 21 декабри соли 1965 ва ғайраҳо.

Дар кори семинар ба ҳайси устод судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аланазарзода Шароф ва директори фонди ҷамъиятии “Нотабене” Худобахшова Дилноза  иштирок намуданд. Кори семинарро директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ Завқизода С.А ҳусни оғоз бахшида, аҳамияти мавзуро дар таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд қайд намуда, иброз доштанд, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ   бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳои миллӣ қабул карда шудаанд, ки онҳо аз ҳолати ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани ҳаёти ҳуқуқии ҷомеаи тоҷикон шаҳодат медиҳанд. Ҳамзамон директор қайд намуданд, ки масъалаи табъиз ба фаъолияти судяҳо алоқаманд буда, омӯзиши он аз аҳамият холӣ нест.

Аз ҷониби устодон масъалаҳои муҳими мурофиавӣ, мафҳум,  шаклу аломатҳои табъиз  ва роҳҳои пешгирии он гуфта дода шуд.

Дар фарҷоми семинар иштирокчиёни он саволномаи таҳияшударо хонапурӣ намуда, ба саволҳои гузошташудаи он ҷавобҳои мушаххас доданд. Иштирокчиён изҳор доштанд, ки аснои чорабинии мазкур дониши хешро дар самти талаботи меъёрҳои байналмиллӣ ва миллӣ  оид ба табъиз мукаммал гардониданд, ки ин барои   қонунӣ, асоснок ва босифат  баррасӣ намудани парвандаҳои мушобеҳ мусоидат хоҳад намуд.