БАРГУЗОРИИ ДАВРАИ ЯКУМИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ СУДЯҲО
Санаи 10 марти соли 2026 дар толори Марказитаълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи якуми такмили ихтисоси судяҳо бо иштироки судяҳои судҳои вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардид.

Бояд қайд кард, ки тибқи талаботи банди 6 моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» судя дар ду сол як маротиба бо такмили ихтисос фаро гирифта шуда, пас аз хатми он ба ӯ сертификати шакли муқарраргардида дода мешавад.

Барномаи семинари такмили ихтисос оид ба татбиқи тадбирҳо дар масъалаҳои таҷрибаи судии баррасии парвандаҳои маданӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, оилавӣ, иқтисодӣ ва ҳалли баҳсҳо дар бораи қабул, тақсим ва даст кашидан аз мерос, аъзои оилаи молик эътироф намудан, маскун кардан ба манзили истиқоматӣ, беэътибор донистани шартномаи сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ, баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ва ғ. бахшида шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки дар кори семинар ба ҳайси устодон судяҳои ботаҷрибаи Суди Олӣ ванамояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шудаанд.

Давраи якуми барномаи таълимӣ то 19 марти соли 2026 идома ёфта, дар охир аз ҷониби роҳбарияти Маркази таълимии судяҳо ба шунавандагон сертификати шакли муқарраргардида супорида мешавад.
