ОҒОЗИ ДАВРИ НАВБАТИИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ СУДЯҲО
Санаи 13 апрели соли 2026 дар Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври навбатии такмили ихтисоси судяҳо оғоз гардид.

Семинари омӯзишӣ бо иштироки раисон муовинон ва судяҳои судҳои ҷумҳурӣ баргузор гардида, ки дар он устодон аз ҳисоби судяҳои ботаҷрибаи Суди Олӣ ва мутахассисони баландихтисос ба роҳ монда шудааст.
Ҳамзамон ба кори семинар Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, аҳамияти баргузории семинарҳои омӯзиширо барои судяҳо бамаврид қайд намуда, аз пайваста такмил додани донишу малакаҳои судяҳо таъкид намуданд. Раис мавзуҳои барномаи такмили ихтисосро актуалӣ номида, ҷиҳати амалӣ намудани адолати иҷтимоӣ ба судяҳо барору комёбиҳоро таманно намуданд.

Барномаи такмили ихтисоси судяҳо мавзӯъҳои зеринро дар бар мегирад:

