ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲ
Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба иҷрои талаботи Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Нақшаи кори Маркази таълимии судяҳо барои соли 2026 рӯзҳои 4-8 майи соли ҷорӣ бо ҷалби кормандони дастгоҳи Суди Конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, суди иқтисодии шаҳри Душанбе, судҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барномаи такмили ихтисосро роҳандозӣ намуд.

Мавзуъҳои барномаи такмили ихтисос асосан ба масъалаҳои мубрами хизмати давлатӣ, аз қабили омӯзиши меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси одоби хизматчии давлатӣ, уҳдадориҳои асосии хизматчии давлатӣ, меъёрҳои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, дастурамали коргузорӣ дар судҳо, тартиби таҳияи протоколи маҷлиси судӣ ва ғайраҳо бахшида шудааст.
Устодон аз ҳисоби собиқадорони ҳокимияти судӣ, директори Маркази таълимии судяҳо, судяҳои Суди Олӣ, суди шаҳри Душанбе, директори Маркази тарҷумаи назди Кумитаи забон ва устодони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб гардидаанд.
Дар анҷом дараҷаи аз худ кардани мавзуъҳои барнома тариқи саволу ҷавоб бо истифдаи билетҳо санҷида шуда, иштирокчиён бо сертификати шакли муқарраргардида сарфароз гардонида шуданд.

