Механизмҳои ҳифзи духтарон ва занон аз зӯроварӣ дар марҳилаи тафтишоти судӣ
Санаи 20 майи соли 2026 дар Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинги омӯзишӣ дар мавзуи «Механизмҳои ҳифзи духтарон ва занон аз зӯроварӣ дар марҳилаи тафтишоти судӣ» баргузор гардид. Чорабинӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ» доир карда шуда, ба кори он судяҳои судҳои ҷумҳурӣ фаро гирифта шуданд.
Дар оғози ҳамоиш директори Маркази таълимии судяҳо, намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва ҳамоҳангсози лоиҳаи «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ» бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд.
Дар ҷараёни тренинг иштирокчиён бо масъалаҳои муҳими марбут ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои духтарон ва занон, ки аз зӯроварӣ зарар дидаанд, шинос гардиданд. Аз ҷумла, мавзӯъҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
* шарҳи парвандаҳои судӣ тибқи моддаҳои ҷиноятӣ ва маъмурӣ, ки ба зӯроварии гендерӣ нисбат ба духтарон ва занон марбутанд;
* стандартҳои байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ дар самти муқовимат ба зӯроварии гендерӣ;
* татбиқи муқаррароти Конвенсияи СММ оид ба барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон дар фаъолияти судӣ;
* хусусиятҳои пурсиши ҷабрдидагон ва шоҳидон дар рафти мурофиаи судӣ;
* таъмини ҳассосияти гендерӣ дар мурофиаи судӣ бо иштироки занону духтарони ҷабрдида;
* таъйини чораҳои ҳимоявӣ ва механизмҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила.

Дар рафти чорабинӣ миёни иштирокчиён мубодилаи афкор ва саволу ҷавобҳои амалӣ баргузор гардида, масъалаҳои мубрами таҷрибаи судӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи занону духтарон муҳокима шуданд.
Дар анҷоми тренинг иштирокчиён аҳамияти таҳкими дониши касбӣ ва татбиқи стандартҳои байналмилалиро дар фаъолияти судӣ махсус таъкид намуданд.

