ҶАМЪБАСТИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ ФОСИЛАВИИ КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ СУДҲО

Дар Маркази таълимии судяҳо оид ба иҷрои талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” рӯзи 19 майи соли ҷорӣ такмили ихтисоси 22 нафар кормандони дастгоҳи судҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки ба тариқи фосилавӣ баргузор гардида буд, ҷамъбаст карда шуд.