ҶАМЪБАСТИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ ФОСИЛАВИИ КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ СУДҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Маркази таълимии судяҳо дар доираи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва нақшаи кори Маркази таълимии судяҳо барои соли 2022 рӯзи 20 майи соли ҷорӣ дар бинои суди шаҳри Кӯлоб такмили ихтисоси фосилавии кормандони дастгоҳи судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро ҷамъбаст намуд.

Дар ҷамъбасти такмили ихтисоси фосилавӣ 17 нафар кормандони дастгоҳи судҳо аз судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок намуданд. Дар чорабинӣ дараҷаи аз худ намудани маводи қаблан тақсимшуда натиҷагирӣ карда шуда, дар охир онҳо аз ҷониби намояндаи Маркази таълимии судяҳо ва роҳбарияти суди шаҳри Кӯлоб бо сертификати шакли муқарраргардидаи Маркази таълимии судяҳо сарфароз гардонида шуданд.