БАРГУЗОРИИ ДАВРАИ НАВБАТИИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ СУДЯҲО

 Рӯзи 23 майи соли 2022 дар Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ дар доираи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва нақшаи кори Маркази таълимии судяҳо барои соли 2022 давраи навбатии такмили ихтисоси судяҳо бо иштироки 18 нафар судяҳо аз судҳои ВМКБ, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Дар кори семинар судяҳои Суди Олӣ ва намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси устод ҷалб карда шуданд.

Мавзуъҳои барномаи такмили ихтисос дар асоси таҷрибаи судӣ интихоб карда шуда, масъалаҳои судии баҳсталаб, мураккаб ва дар зинаҳои кассатсионию назоратии судӣ ҳолатҳои бекоршавӣ ва тағйирёбидоштаро дар бар гирифта буд.

Чорабинии омӯзишӣ рӯзи 2 июни соли ҷорӣ ҷамъбаст гардида, дар охир аз ҷониби роҳбарияти Маркази таълимии судяҳо ба шунавандагон сертификати шакли муқарраргардида супорида шуд.