КОРОМӮЗ-СУДЯҲО БА СУДҲОИ НОҲИЯҲОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАРОИ ТАҶРИБАОМӮЗӢ САФАРБАР ШУДАНД

6 майи соли 2024 дар Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ  бинобар ба итмом расидани Барномаҳои таълимӣ  оид ба ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиаи ҷиноятӣ, ҳуқуқи маданӣ ва мурофиаи маданӣ 60 нафар коромӯз-судяҳо барои таҷрибаомӯзӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва маданӣ ба судҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе ба муҳлати дуюним моҳ сафарбар карда шуданд.

Директори Маркази таълимии судяҳо Завқизода С.А. ҷиҳати аҳамияти таҷрибаомӯзӣ дар фаъолияти кории судягӣ ва баамалбарории адолати иҷтимоӣ аснои амалӣ намудани адолати иҷтимоӣ қайд намуда, афзуд, ки он тибқи Нақшаи Маркази таълимии судяҳо барои соли 2024, иҷрои талаботи Низомнома дар бораи коромӯз – судя ва  Низомномаи Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Ҳамзамон аз ҷониби роҳбарияти Маркази таълимии судяҳо ба коромӯз – судяҳо тартиби гузаштани таҷрибаомӯзӣ, таҳияи намунаҳои санадҳои судӣ ва пешниҳоди ҳисоботи муфассал фаҳмонида дода шуд.