КОРОМӮЗ-СУДЯҲО БА СУДҲОИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ БАРОИ ТАҶРИБАОЗОМӮЗӢ САФАРБАР ШУДАНД

5 октябри соли 2021 дар Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ бинобар ба итмом расидани Барномаи таълимии №1 оид ба ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиаи ҷиноятӣ 65 нафар коромӯз-судяҳо барои таҷрибаомӯзӣ оид ба баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ ба судяҳои шаҳру ноҳияҳо ба муҳлати ду моҳ сафарбар карда шуданд.

Директори Маркази таълимии судяҳо Завқизода С.А. аҳамияти калон доштани таҷрибаомӯзиро барои фаъолияти кории судягӣ ва баамалбарории адолати иҷтимоӣ, аснои амалӣ намудани адолати иҷтимоӣ қайд намуда, афзуд, ки он тибқи Нақшаи Маркази таълимии судяҳо барои соли 2021, иҷрои талаботи Низомнома дар бораи коромӯз – судя ва Низомномаи Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Ҳамзамон аз ҷониби роҳбарияти Маркази таълимии судяҳо ба коромӯз – судяҳо тартиби гузаштани таҷрибаомӯзӣ, таҳияи намунаҳои санадҳои судӣ ва пешниҳоди ҳисоботи муфассал фаҳмонида дода шуд.