ОҒОЗИ БОЗОМӮЗИИ КОРОМӮЗ-СУДЯҲО ДАР СУДИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1 сентябри соли 2021 дар Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ бозомӯзии 65 нафар коромӯз-судяҳое, ки дар асоси Фармоиши якҷояи Раиси Суди Олӣ ва Раиси Суди Олии иқтисодӣ аз 27 августи соли 2021, №42 ва №67 ба ин вазифа таъин гардидаанд, оғоз гардид.

Сараввал муовини якуми Раиси Суди Олӣ Лутфуллозода Ш. чорабинии омӯзиширо бо сухани ифтитоҳӣ кушода, ҳамаи коромӯз-судяҳои навтаъинро ба муносибати комёб шудан дар озмун барои ишғоли мансаби коромӯз-судя табрик намуда, ба онҳо дар омӯзиш ва аз худ намудани барномаи таълимӣ барору комёбӣ таманно намуд.

Баъдан директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ Завқизода С. низ коромӯз-судяҳои тозатаъинро барои ноил шудан ба ин вазифаи пуршараф ва масъулиятнок, инчунин ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик ва муборакбод гуфта, ба онҳо ҷиҳати хуб аз худ кардани барномаҳои таълимӣ ва мунтазам баланд бардоштани савияи донишашон тавсия дод. Аз ҷумла қайд намуд, ки ба муддати як сол ба бозомӯзии назариявӣ ва амалӣ дар Маркази таълимии судяҳо ва таҷрибаомӯзӣ дар судҳо фаро гирифта шудани коромӯз-судяҳо имконияти хуби барои ноил гаштан ба ҳадафҳои асосии онҳо арзёбӣ мегардад. Дар охири суханронӣ Завқизода С. коромӯз-судяҳои навтаъинро оид ба риояи қатъии интизом ҳангоми таҳсил таъкид намуда, ба онҳо дар омӯзиши барномаҳои таълимӣ ва гузаштани таҷрибаомӯзӣ комёбӣ орзу намуд.

Бозомӯзии коромӯз-судяҳо аз 4 Барнома – оид ба омӯзиши ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиаи ҷиноятӣ, ҳуқуқи гражданӣ ва мурофиаи гражданӣ, ҳуқуқи оилавӣ ва меҳнат, мурофиаи иқтисодӣ, ҳуқуқи маъмурӣ ва мурофиаи маъмурӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалӣ иборат буда, онҳо муддати як сол дар Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.