МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ “ҶОЙГОҲИ МАҚОМИ СУДӢ ДАР САМТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ГУРЕЗАҲО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН” ДАР ҲАМКОРӢ БО ТАШКИЛОТИ ҶАМЪИЯТИИ “ИНСОН ВА АДОЛАТ”

Рӯзи 14 июни соли 2021 дар меҳмонхонаи “Атлас”-и шаҳри Душанбе бахшида ба “Рӯзи умумиҷаҳонии гурезаҳо” дар доираи ҳамкориҳо бо Ташкилоти ҷамъиятии “Инсон ва адолат”, ки шарики расмии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо мебошад, бо иштироки 20 нафар судяҳои Суди Олӣ, суди шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар мавзӯи “Ҷойгоҳи мақоми судӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мизи мудаввар баргузор гардид.

Кори мизи мудавварро директори Маркази таълимии судяҳо Завқизода Солеҳ Амин бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, қайд намуд, ки масъалаи ҳифзи ҳуқуқи гурезаҳо ва пешгирии гуреза шудани одамон аз солҳои аввали Истиқлолияти Тоҷикистон дар маркази таваҷҷӯҳи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ нахустин шуда ба Конвенсияи соли 1951 ва Протоколи соли 1967 оид ба мақоми гурезагон ҳамроҳ шуда, ба рушди низоми миллии додани паноҳгоҳ оғоз намуд. Завқизода С.А. илова намуд, ки қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи афв вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд» аз 18 декабри соли 2019 далели иқдоми инсондӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои гурезаҳо арзёбӣ мегардад.

Роҳбари Намояндагии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мулугете Зевди оид ба фаъолияти Раёсат сухан ронда, мавқеъ ва таҷрибаи Тоҷикистон ва роҳбарияти онро дар таъмини ҳуқуқи гурезагон баланд арзёбӣ намуд. Қайд намуд, ки Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, ба Конвенсияи соли 1951 ва Протоколи соли 1967 оид ба мақоми гурезагон ҳамроҳ гардид, ки ин аз ташаббусҳои инсондӯстона ва дарки амиқи ин масъала аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳони муосир дарак медиҳад.

Дар чорабинӣ раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои маъмурии Суди Олӣ Муродзода Б.Р., дар мавзӯи “Тартиби баррасии судии парвандаҳои гражданӣ оид ба шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо ва таҷрибаи баррасии судии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда” бо маърӯза баромад намуда, ба саволҳои иштироккунандагон оид ба ҳолатҳои парвандаҳои судӣ вобаста ба гурезаҳо посух дод.

Дар кори мизи мудаввар инчунин масъалаҳои “Ваколати Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқи гурезаҳо” ва “Асосҳои танзими вазъи ҳуқуқи гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби намояндаи Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо Холов Х., устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон-таҳлилгари Ташкилоти ҷамъиятии “Инсон ва адолат” Қодирқулов Х.Р. бо иштироки фаъоли судяҳои ҷалбгардида мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифт.

Судяҳо-иштироккунандагони мизи мудаввар баргузории чунин як чорабиниро имконияти мусоид ҷиҳати такмил додани дониши назариявӣ ва амалӣ дар самти баррасии парвандаҳо вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда арзёбӣ намуданд.