НАТИҶАГИРИИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ ФОСИЛАВИИ КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ СУДҲОИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии вируси сироятии Ковид-19 дар мувофиқа бо Раиси Суди Олӣ тасмим гирифта буд, ки семинарҳои такмили ихтисоси нақшавии кормандони дастгоҳи судҳои вилояти Суғдро ба тариқи фосилавӣ баргузор намояд. Бо ин мақсад ба иштирокчиёни семинар қаблан барномаи таълимӣ ирсол гардида буд.

Барномаи таълимии семинари мазкур аз мавзӯъҳои “Омӯзиши меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, омӯзиши санадҳои ҳуқуқӣ вобаста ба омори судӣ, тартиби пешниҳод ва тасдиқи шаклҳои оморӣ, Кодекси одоби хизматчии давлатӣ, омӯзиши санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, моҳияти қонунгузории миллӣ оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ва дигар мавзӯъҳои муҳим иборат буд.

Ҳамин тариқ, 15 октябри соли 2021 дар бинои суди вилояти Суғд бо иштироки 50 нафар ( дар ду давра) кормандони дастгоҳи судҳои вилояти Суғд мавзӯҳои семинар муҳокима ва ҷамъбаст карда шуд.