ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ ФОСИЛАВИИ КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ СУДҲОИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии вируси сироятии Ковид-19 Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинарҳои такмили ихтисоси нақшавии кормандони дастгоҳи судҳои вилояти Хатлон ба тариқи фосилавӣ ба нақша гирифта шуда, ба иштирокчиёни семинар қаблан барномаи таълимӣ ирсол гардида буд.

Барномаи таълимии семинари мазкур аз мавзӯъҳои “Омӯзиши меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, омӯзиши санадҳои ҳуқуқӣ вобаста ба омори судӣ, тартиби пешниҳод ва тасдиқи шаклҳои оморӣ, Кодекси одоби хизматчии давлатӣ, омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, моҳияти қонунгузории миллӣ оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ва дигар мавзӯъҳои муҳим иборат буд.