Семинар тренинг дар мавзўи «Принсипҳои таҳқиқу тафтиши самаранок ва ҳуҷҷатгузории шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ё ҷазои бераҳмона тибқи стандартҳои Протоколи Истанбул» дар ҳамкорӣ бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе
Рўзҳои 2-4 июли соли ҷорӣ дар Осоишгоҳи Сароби ноҳияи Варзоб дар ҳамкорӣ бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бо иштироки 13 нафар судяҳои судҳои шаҳри Душанбе, 2 нафар корманди Маркази таълимии судяҳо ва 15 нафар кормандони мақомоти прокуратура семинар – тренинг дар мавзўи «Принсипҳои таҳқиқу тафтиши самаранок ва ҳуҷҷатгузории шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ё ҷазои бераҳмона тибқи стандартҳои Протоколи Истанбул» баргузор гардид.
Дар семинар тренинг директори Маркази таълимии судяҳо Завқизода С.А. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, қайд намуд, ки семинари мазкур аз дигар семинарҳо пеш аз ҳама бо он хусусияташ фарқкунанда аст, ки дар он на танҳо намояндагони мақомоти судии кишвар, балки намояндагони мақомоти прокуратура низ иштирок доранд. Иштироки якҷояи ду мақомот имконият медиҳад, ки судяҳо ва кормандони мақомоти прокуратура таҷрибаҳои худро оид ба тафтиши пешакӣ ва баррасии судии парвандаҳои ҷиноятии вобаста ба шиканҷа якҷоя таҳлил намуда, ҳолатҳои корро самаранок баҳогузорӣ намуда, қарори қонунӣ ва воқеӣ қабул намоянд. Мавзўи семинар хело муҳим аст, зеро сухан дар бораи ҳуқуқ ва озодии инсон меравад. Аз ин рў таваҷҷўҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъала хоса аст. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои инсон арзиши олӣ эътироф гардида, дар қисми 2 моддаи 18 он муқаррар шудааст, ки ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад. Дар моддаи 1431 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шиканҷа ва дигар муносибатҳои ғайриинсонӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст. Инчунин Қарори Пленуми Суди Олӣ аз 26.06.2019 сол дар бораи баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба шиканҷа амал мекунад, ки он барои судяҳо ва кормандони мақомоти пешбарандаи тафтишоти пешакӣ дастури тавсиявӣ мебошад. Ҳамин тариқ қонунгузории миллӣ масъалаи мазкурро ба танзим даровардааст.
Дар семинар тренинги мазкур ба ҳайси устодон (тренерҳо) эксперти байналмилалӣ ва яке аз ҳаммуалифони Протоколи Истанбулӣ Марям Ҷишкарианӣ, ҳуқуқшиноси «Марказ оид ба ҳуқуқи инсон» Парвина Наврузова ва дигар мутахассисон ҷалб гардидаанд.
Рўзҳои 8-9 июли соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи «Рамз»-и вилояти Хатлон низ дар мавзўи мазкур семинар баргузор гардид, ки дар он 15 нафар судяҳо аз судҳои ш.Кўлоб, ш.Бохтар, н.Ёвон, н.Ховалинг, н.Восеъ, н.Вахш, н.М.С.А.Ҳамадонӣ, н.Фархор, н.Дустӣ, н.Кўшониён, суди вилояти Хатлон ва кормандони мақомоти прокуратура иштирок намуданд.