Мулоқоти намояндагони Суди Олӣ бо намояндагони GIZ дар бинои Суди Олӣ

Рўзи 19 апрели соли 2019 соати 10:00 Директори Маркази таълимии судяҳо Завқизода С.А. ва Раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфуллозода Ш. роҳбари минтақавии барномаи “Мусоидат ба волоияти қонун дар кишварҳои Осиёи Марказӣ”-и Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) Йорг Пуделька, иҷрокунандаи вазифаи роҳбарии барномаи “Мусоидат ба волоияти қонун дар кишварҳои Осиёи Марказӣ”-и Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) дар Тоҷикистон Кристине Коре-Перконе ва ҳамоҳангсози миллии барномаи “Мусоидат ба волоияти қонун дар кишварҳои Осиёи Марказӣ”-и Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) дар Тоҷикистон Алимардонов Абдуразокро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот инчунин муовини Директор Раупова М.Т. ва сармутахассиси Маркази таълимии судяҳо Раҷабзода С.А. иштирок намуданд.

Ҳангоми  қайд гардид, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд байни Суди Олӣ, Маркази таълимии судяҳо ва Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) дар мавзўъҳои “Расмиёти маъмурӣ”, “Усули омодасозии парвандаҳои граждании мурофиаи даъвогӣ ба мурофиаи судӣ” ва “Усули гузаронидани муҳокимаи судӣ ва тартиб додани санадҳои судӣ доир ба парвандаҳои гражданӣ” бо гузаронидани семинар-тренингҳо тақвият дода мешаванд.

Директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ Завқизода С.А. қайд намуд, ки ба имзо расидани созишномаи ҳамкорӣ миёни Суди Олӣ ва Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) далели идома ёфтани ҳамкориҳои судманди дуҷониба мебошад. Дар натиҷаи ҳамкориҳои дуҷониба бо Ҷамъияти мазкур, Маркази таълимии судяҳо якчанд семинар-тренингҳоро бо судяҳо, коромўз-судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои ҷумҳурӣ дар мавзўъҳои дар боло зикргардида гузаронид.

Ҷонибҳо оид ба идома додани ҳамкориҳои судманди мутақобила ба мувофиқа омаданд.

Мулоқоти мазкур дар фазои корӣ, дўстӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.