СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БО СУДЯҲОИ СУДҲОИ ҶУМҲУРӢ

Рӯзи 15 феврали соли 2021 дар Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ бо ҷалби 24 нафар судяҳои судҳои ҷумҳурӣ, ки дар давраи ҳисоботии соли 2020 дар фаъолияти кориашон вобаста ба таҳияи санадҳои судӣ ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ дода буданд, семинари омӯзишӣ оғоз гардида, идома дорад.

Семинари мазкур тибқи супориши бевоситаи Раиси Суди Олӣ бо мақсади ба даст овардани самараи бештар бо усули махсусгардонидашуда, бо назардошти усули интерактивӣ, истифода аз мисолҳои мушаххаси амалияи судӣ, кор дар гурӯҳҳо ва ҷамъбасти натиҷаи онҳо амалӣ карда мешавад.

Ҳамзамон Директори Маркази таълимии судяҳо Завқизода С.А. қайд намуд, ки дар рафти семинари омӯзишӣ эродҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо кормандони мақомоти судӣ аз 21 ноябри соли 2019 вобаста ба ҷой доштани сифати пасти таҳияи санадҳои судӣ дар фаъолияти баъзе судяҳо, риоя накардани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, беасос таҳия намудани ҳалномаҳои калонҳаҷми душворфаҳм, сари вақт ва дар муҳлати муқарраршуда баррасӣ нагардидани парвандаҳо ба инобат гирифта шуда, санадҳои мушаххаси судии аз ҷониби судяҳои номбурда қабулгардида бо назардошти талаботи меъёрҳои қонунгузорӣ мавриди муҳокима ва таҳлили асоснок қарор дода мешаванд.

Дар семинари омӯзишӣ ба ҳайси устодон раисони коллегияҳо ва судяҳои Суди Олӣ, олимони соҳа аз факультаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд.

Семинар дар фазои озод ва баҳсу мунозираҳои ба назария ва амалия асосёфта гузашта, то 23 феврали соли 2021 идома меёбад.