ДАВРАИ ДУЮМИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ СУДЯҲО

Дар Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 9-19 марти соли 2021 тибқи талаботи қисми 2 моддаи 109 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва банди 3 Нақшаи кории Маркази таълимии судяҳо барои соли 2021 бо иштироки 24 нафар судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, судҳои шаҳр ва ноҳия давраи дуюми такмили ихтисос баргузор гардид.

Семинарро директори Маркази таълимии судяҳо Завқизода С.А. бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, қайд кард, ки ба такмили ихтисос фаро гирифтани судяҳо дар ду сол як маротиба бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, ҳамзамон баҳри баланд бардоштани дониш ва малакаи касбии судяҳо мусоидат менамояд.

Мавзӯъҳои такмили ихтисос тибқи барномаи тасдиқшуда асосан дар асоси таҷрибаи судӣ интихоб карда шуда, масъалаҳои судии баҳсталаб, мураккаб ва дар зинаҳои кассатсионию назоратии судӣ ҳолатҳои бекоршавӣ ва тағйирёбидошта мебошанд.

 

Дар кори семинар судяҳои Суди Олӣ, кормандони собиқадори Маркази таълимии судяҳо ва намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси устод ҷалб карда шуданд.

Барномаи семинарӣ 10 рӯз идома ёфта, баъди ба итмом расидани он ба шунавандагон сертификати шакли муқарраргардида супорида шуд.