ДАВРАИ НАВБАТИИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ СУДЯҲО

Рӯзи 5 апрели соли 2021 дар толори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки 22 нафар судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, судҳои шаҳр ва ноҳия давраи навбатии такмили ихтисос оғоз гардид.

Директори Маркази таълимии судяҳо Завқизода С.А. ба семинар ҳусни оғоз бахшида қайд намуд, ки тибқи Барномаи таълимӣ такмили ихтисоси  судяҳо дар асоси мавзӯъҳои актуалӣ ва баҳсталаб аз соҳаҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ ва маъмурӣ гузаронида мешавад. мавзӯъҳои дахлдор самаранок истифода намоянд.

Чорабинии мазкур то рӯзи 15 апрели соли 2021 давом ёфта, дар он ба ҳайси устодон судяҳои Суди Олӣ ва кормандони собиқадори Маркази таълимии судяҳо дарс мегӯянд.

Баъди анҷоми семинар ба шунавандагони такмили ихтисос сертификати шакли муқарраргардида супурда мешавад.