Онлайн-тренинги омӯзишӣ бо судяҳои ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти байналмилалии ислоҳоти маҳбасхона дар Осиёи Марказӣ (PRI)

Рӯзи 8 апрели соли 2021 дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти байналмилалии ислоҳоти маҳбасхона дар Осиёи Марказӣ (PRI) бо ҷалби 20 нафар судяҳои Суди Олӣ, суди шаҳри Душанбе ва судҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар мавзӯи “Методология барои судяҳо оид ба татбиқи чораҳои алтернативии ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда тибқи таҷрибаи судии давлатҳои Кирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон” онлайн-тренинги омӯзишӣ баргузор гардид.

Семинарро директори Маркази таълимии судяҳо Завқизода С.А. бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, баргузории чунин як семинари омӯзиширо имконияти мусоид барои судяҳо ҷиҳати такмил додани дониши назариявӣ ва амалӣ дар самти татбиқи чораҳои алтернативии ба  маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ арзёбӣ намуд. Қайд гардид, ки дар доираи татбиқи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 ва Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2019-2021 бо мақсади таъмини мутобиқати қонунгузории ҷиноятӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, инсондӯстона гардонидани ҷазои ҷиноятӣ нисбати субъектони муайян аз ҷумла, нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои дараҷаи начандон вазнин ва миёна содир менамоянд, нисбати занҳои ҳомила ва занҳое, ки дар тарбияашон кӯдаки ноболиғи то 8-сола доранд, ноболиғон ва ғайраҳо, барҳам додани ҷавобгарии ҷиноятӣ (декриминализатсия) барои баъзе аз кирдорҳои ҷиноятии дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии паст Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил дода шуда истодааст.

Дар семинари мазкур асосҳои методологии таъини ҷазои ҷиноятӣ, мафҳуми чораҳои алтернативии ҷазо ва татбиқи онҳо, таҳияи тавсияҳои методӣ барои судяҳо оид ба таъини ҷазоҳои ҷиноятии бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда дар истеҳсолоти судии давлатҳои Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мавриди таҳлил ва омӯзиши қарор дода шуд.

Дар кори чорабинӣ мураттибони методология – судяи Суди Олии Ҷумҳурии Қирғизистон Сыдиков Аскат Шаршекович ва судяи суди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳайси тренер баромад карданд.

Иштироккунандагони семинари маҷозӣ мубодилаи таҷрибаи судӣ намуданд.