ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ СУДЯҲОИ СУДИ ОЛӢ
Дар Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 21 апрел – 2 июни соли 2021 семинари такмили ихтисоси судяҳои Суди Олӣ аз рӯи Барномаи «Тартиби таҳияи санадҳои судӣ дар судҳои марҳилаи якум, кассатсионӣ, назоратӣ ва таҷрибаи амалӣ намудани фаъолияти назорати судӣ» баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони мақомоти судӣ аз 21 ноябри соли 2019 ва супоришҳои протоколии машварати назди Раиси Суди Олӣ оиди ба такмили ихтисос фаро гирифтани судяҳои Суди Олӣ ба роҳ монда шуд.
Семинарро муовини якуми Раиси Суди Олӣ Лутфуллозода Ш. ва директори Маркази таълимии судяҳо Завқизода С.А. бо сухани ифтитоҳӣ кушода, қайд намуданд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти ҳокимияти судӣ диққати хоса зоҳир намуда, пайваста дар баромадҳои худ ба масъалаи баланд бардоштани савияи дониши судяҳо, сайқал додани маҳорату малакаи касбии онҳо ва беҳтар намудани сифати таҳияи санадҳои судӣ эътибори ҷиддӣ дода, бо ҷалби мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи ҳуқуқ, донишмандон ва устодони донишгоҳу донишкадаҳо роҳандозӣ кардани барномаҳои омӯзиширо таъкид менамоянд.
Ҷиҳати самаранок баргузор намудани семинари мазкур раисони коллегияҳои судии Суди Олӣ ва намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси устодон ҷалб карда шуданд.
Семинари омӯзишӣ дар фазои озод ва баҳсу мунозираҳои ба назария ва амалия асосёфта баргузор гардид.