БАРГУЗОРИИ ДАВРАИ НАВБАТИИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ СУДЯҲО

Оид ба иҷрои талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Нақшаи кории Маркази таълимии судяҳо барои соли 2021 рӯзи 17 майи соли ҷорӣ дар толори Суди Олӣ бо иштироки 22 нафар судяҳо аз судҳои вилоят, суди шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо давраи панҷуми такмили ихтисоси судяҳо оғоз гардид.

Дар кори семинар директори Маркази таълимии судяҳо Завқизода С.А. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, қайд кард, ки моҳияти баргузории семинарҳои такмили ихтисос аз баланд бардоштани сатҳу савияи дониш ва малакаи касбии судяҳо иборат мебошад. Бо ин мақсад Маркази таълимии судяҳо ба сифати устодон судяҳои собиқадори Суди Олӣ, кормандони Маркази таълимии судяҳо ва намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷалб намудааст. Дар охири сухан Завқизода С.А. ба иштирокчиёни семинар расидан ба ҳадафҳои судманди дар наздашон гузошташударо таманно намуд.