Конференсияи байналмилалӣ дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами таъини ҷазоҳои ҷиноятӣ»

30 марти соли 2026 директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ Бобохонзода А. ва судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Х., Шуҳратзода У. ва Бобозода М. дар мизи мудаввари байналмилалӣ доир ба «Масъалаҳои мубрами таъини ҷазоҳои ҷиноятӣ» дар реҷаи маҷозӣ иштирок намудаанд.

Чорабинии мазкур бо ибтикори Донишгоҳи давлатии адолати Федератсияи Россия ба номи В.М.Лебедев ташкил гардида, дар кори он судяҳои аъзои давлатҳои ИДМ аз ҷумла, Ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ширкат варзида доир вобаста ба баррасии масъалаҳои калидии таъини ҷазоҳои ҷиноятӣ, такмили амалияи судӣ ва баланд бардоштани самаранокии адолати судӣ табодули таҷриба намуданд.

Дар фарҷоми муколама иштирокдорони мизи мудаввар вобаста ба таҳия ва пешниҳод намудани маводи зарурӣ дар самти тайёркунӣ, бозомузӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои судҳои давлатҳои ИДМ, ки ба такмил ва рушди минбаъдаи амалияи судӣ дар давлатҳои мазкур равона мегардад, ибрози ақида намуданд.

____________________________________________________

30 марта 2026 года директор Учебного центра судей при Верховном Суде Бобохонзода А., а также судьи Верховного Суда Республики Таджикистан Раҳимзода Х., Шуҳратзода У. и Бобозода М. приняли участие в международном круглом столе на тему «Актуальные вопросы назначения уголовных наказаний», который прошёл в онлайн-формате.
Данное мероприятие было организовано Российским государственным университетом правосудия имени В. Лебедева. В его работе приняли участие судьи государств членов СНГ, в том числе представители Республик Армения, Беларусь, Казахстан, Кыргызстан, Узбекистан, Таджикистан и Российской Федерации. Участники обменялись опытом по ключевым вопросам назначения уголовных наказаний, совершенствования судебной практики и повышения эффективности правосудия.
В завершение обсуждения участники круглого стола высказали предложения по подготовке и представлению необходимых материалов в сфере обучения, переподготовки и повышения квалификации кадров судебной системы стран СНГ, направленных на дальнейшее развитие и совершенствование судебной практики в этих государствах.