МАРОСИМИ СЕРТИФИКАТСУПОРИИ ДАВРАИ ЯКУМИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ СУДЯҲО
Рӯзи 19 марти соли 2026 дар толори Маркази таълимии cудяҳои назди Суди Олӣ бо иштироки судяҳои суди ҳарбӣ, суди ВМКБ, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маросими супоридани сертификат ба иштирокчиёни семинари такмили ихтисос баргузор гардид.

Иштирокчиён муфид будани давраи омӯзишро бо ишора аз мавзуҳои мубрами таҷрибаи судӣ арзёбӣ намуданд. Директори Маркази таълимии судяҳо муҳтарам Бобохонзода Асомуддин давраи омӯзишро ҷамъбаст намуда, ба иштирокчиён дар вазифаи пурмасъули ба амал барории адолати судӣ барору комёбиҳо таманно намуданд.
Лаҳзаҳои супоридани сертификат:

