БАРГУЗОРИИ ДАВРАИ НАВБАТИИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ СУДЯҲО

Рӯзи 25 октябри соли 2021 дар Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки 17 нафар судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, судҳои шаҳр ва ноҳия давраи навбатии такмили ихтисоси судяҳо оғоз гардид.

Дар кори семинар директори Маркази таълимии судяҳо Завқизода С.А. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, қайд кард, ки моҳияти баргузории семинарҳои такмили ихтисос аз баланд бардоштани савияи дониши касбии судяҳо ва сайқал додани маҳорату малакаи онҳо иборат мебошад, ки ин аз талаботи қонунгузорӣ ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд. Дар охири сухан Завқизода С.А. ба иштирокчиён барои аз худ намудани мавзӯъҳои семинар муваффақият таманно намуд.