ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ ФОСИЛАВИИ СУДЯҲОИ СУДҲОИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТҲОИ СУҒДУ ХАТЛОН

Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии вируси сироятии Ковид-19 Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Раиси Суди Олӣ тасмим гирифта буд, ки семинарҳои такмили ихтисоси нақшавии судяҳои судҳои вилояти Суғд ва Хатлонро ба тариқи фосилавӣ баргузор намояд. Бо ин мақсад ба иштирокчиёни семинар қаблан барномаи таълимӣ ирсол гардида буд.

Ҳамин тариқ, 14 октябри соли 2021 дар бинои суди вилояти Суғд бо иштироки 28 нафар судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва рӯзи 21 октябри соли 2021 дар бинои суди вилояти Хатлон бо иштироки 16 нафар судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон семинарҳои мазкур ҷамъбаст карда шуданд.