СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ СУДЯҲО ДАР МАВЗӮИ “МЕТОДОЛОГИЯ ОД БА ТАТБИҚИ ЧОРАҲОИ АЛТЕРНАТИВИИ БА МАҲРУМ СОХТАН АЗ ОЗОДӢ АЛОҚАМАНДНАБУДА” ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Рӯзҳои 18-20 октябри соли 2021 дар меҳмонхонаи “Рамз”-и шаҳри Бохтар бо иштироки 19 нафар судяҳо аз судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Фонди ҷамъиятии “Ташаббуси ҳуқуқӣ” ва Ташкилоти байналмилалии ислоҳоти маҳбасхона дар Осиёи Марказӣ (PRI) дар мавзӯи “Методология оид ба татбиқи чораҳои алтернативии ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда тибқи таҷрибаи судии давлатҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ” бо судяҳо семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Зимни сухани ифтитоҳӣ директори Маркази таълимии судяҳо Завқизода С.А. аҳамияти инсондӯстона доштани мавзӯи татбиқи чораҳои алтернативии ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабударо қайд намуда, изҳор дошт, ки ин талаботи қонунгузории миллӣ ва давлатҳои минтақаи Осиёи Миёна воқеан ба таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона гардидааст ва ҷанбаи инсондӯстонаро низ дорост.

Бо кори семинар ба ҳайси тренер муовини раиси суди шаҳри Душанбе Бобохонзода А. ва корманди Маркази таълимии судяҳо Нусратуллозода О.Н. ҷалб карда шуда, онҳо бо иштирокчиёни семинар паҳлӯҳои гуногуни ҳолатҳои моддӣ ва мурофиавии мавзӯъро мавриди муҳокима ва баҳс қарор доданд.