Семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Тақвияти ҳамкорӣ байни вазорату идораҳои соҳаи адлия ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои расидан ба ҳадафҳои пешбурди баробарии гендерӣ ва рафъи зӯроварӣ аз рӯи нишонаҳои ҷинсӣ”

Рӯзҳои 8-9 феврали соли 2022 дар Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Лигаи занони ҳуқуқшиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон” семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Тақвияти ҳамкорӣ байни вазорату идораҳои соҳаи адлия ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои расидан  ба ҳадафҳои пешбурди баробарии гендерӣ ва рафъи зӯроварӣ аз рӯи нишонаҳои ҷинсӣ” бо иштироки 59 нафар судяҳои ҷумҳурӣ, коромӯз-судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо баргузор гардид.

Ҳадафи баргузории семинар омӯзиш ва баррасии масоили марбут ба ҳама гуна зӯроварӣ дар оила, муҳокимаи омилҳои ба ин амали номатлуб мусоидаткунанда ва густариши равобит миёни мақомоти дахлдор бобати расидан ба ҳадафҳои рафъи зӯроварӣ дар ҷомеа арзёбӣ карда шуд.

Дар кори семинар ба ҳайси тренерон судяи Суди Олӣ Ваҳобзода Ш. ва Директори Маркази таълимии судяҳо Завқизода С.А. ҷалб гардида, дар рафти он масъалаҳои рафъи зӯроварии гендерӣ, афзалиятҳои сиёсат оид ба таъмини баробарии гендерӣ ва тавсеаи имконоти занон дар Тоҷикистон, сабабҳо ва омилҳои зӯроварии гендерӣ, уҳдадориҳои давлат оид ба таъмини хадамоти дастрас ва босифат барои ҳимояи занон аз зӯроварии гендерӣ, дастгирии ҷабрдидагони зӯроварӣ ва стандартҳои байналмилалӣ дар ин самт баррасӣ гардиданд.

Иштирокчиёни семинар аз ташкили чунин як чорабинӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, онро имконияти мусоид баҳри баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбӣ зимни баррасӣ ва ҳалли парвандаҳо вобаста ба зӯроварӣ дар оила арзёбӣ намуданд.