ДАВРАИ ЯКУМИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ СУДЯҲО

Дар Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 9-19 марти соли 2022 тибқи талаботи қисми 2 моддаи 109 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва банди 3 Нақшаи кории Маркази таълимии судяҳо барои соли 2022 бо иштироки 17 нафар судяҳо аз судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои шаҳр ва ноҳия давраи якуми такмили ихтисос баргузор гардид.

Семинарро директори Маркази таълимии судяҳо Завқизода С.А. бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, қайд кард, ки дар ду сол як маротиба ба такмили ихтисос фаро гирифтани судяҳо талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, ҳамзамон баҳри баланд бардоштани дониш ва малакаи касбии судяҳо мусоидат менамояд.

Мавзӯъҳои барномаи такмили ихтисос тибқи барномаи тасдиқшуда асосан дар асоси таҷрибаи судӣ интихоб карда шуда, масъалаҳои судии баҳсталаб, мураккаб ва дар зинаҳои кассатсионию назоратии судӣ ҳолатҳои бекоршавӣ ва тағйирёбидошта мебошанд.

Дар кори семинар судяҳои Суди Олӣ ва намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси устод ҷалб карда шуданд.

Барномаи семинарӣ 10 рӯз идома ёфта, баъди ба итмом расидани он ба шунавандагон сертификати шакли муқарраргардида супорида шуд.