МИЗИ МУДАВВАР ВОБАСТА БА МАСЪАЛАҲОИ ҲУҚУҚҲОИ НОБОЛИҒОН
Санаи 15 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар таҳти унвони «Муаррифии натиҷаҳои таҳлили баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ ва муколамаи масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони ҳокимияти судӣ, маомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, адвокатура, инчунин, шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Зимни ҳамоиш масъалаҳои вобаста ба таҳкими ёрии ҳуқуқӣ ба кӯдакон, мутобиқати қонунгузории миллӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ва таҳлили амалияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати ноболиғон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар анҷоми чорабинӣ иштирокчиён оид ба такмили низоми расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба кӯдакон табодули афкор ва таклифу пешниҳодҳои мушаххас иброз намуданд.

