Оғози давраи чорўми бозомўзии назариявии коромўз-судяҳои Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рўзи 11 апрели соли 2019 дар толорҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи чоруми бозомўзии  назариявии  коромўз-судяҳо оғоз гардид.

Директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода С. А. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, қайд карданд, ки барномаи  чоруми бозомўзии таълимии коромўз-судяҳо мавзўъҳои вобаста ба ҳуқуқи конститутсионӣ, мурофиаи конститусионӣ, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва байлналмилалии ба фаъолияти судҳо вобаста ва аз ўҳдадориҳои байлналмилалии Тоҷикистон бармеомадаро дар бар мегирад.

Барои гузаронидани машғулиятҳои назариявӣ роҳбарияти Маркази таълимии судяҳо устодони таҷрибадорро аз ҳисоби судяҳои Суди Олӣ, Суди конститутсионӣ ва кормандони Маркази таълимии судяҳо ҷалб менамояд. Қайд кардан  бамаврид аст, ки бозомўзии мазкур давраи ниҳоиии дарсҳои назариявӣ барои коромўз-судяҳо буда, дар нимаи дуюми моҳи майи соли ҷорӣ давраи яксолаи бозомўзии коромўз-судяҳо интиҳо меёбад.

Дар охир Директори Маркази таълимии судяҳо ба коромўз-судяҳо барои дар сатҳи баланд аз худ намудани дарсҳои назариявӣ аз соҳаҳои зикргардидаи ҳуқуқ муваффақиятҳо таманно намуданд.