Супоридани компютерҳо ба Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ аз ҷониби САҲА 08.04.2019

Рўзи 8 апрели соли 2019 соати 14:00 дар толори Суди Олӣ маросими супоридани 25 адад компютерҳое, ки аз ҷониби Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Душанбе ба Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ тақдим гардид, баргузор гардид.

Дар маросими доду қабули воситаҳои техникӣ Директори Маркази таълими судяҳои назди Суди Олӣ Завқизода С.А. ва Сардори тозатаъйини Раёсат ченаки инсонии Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар  Аврупо (САҲА) дар Душанбе Роберт Хойер, иҷ рокунандаи вазифаи ассистенти калон оид ба масъалаҳои волоияти қонуни Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Душанбе Мамадвафоев Мунир, сармутахассиси Маркази таълимии судяҳо Раҷ абзода С.А., мудири бахши иттилооти Дастгоҳи Суди Олӣ Тураев К. ва коромўз-судя Шафо Беҳрўз иштирок доштанд.

Маросими мазкур дар шакли расмӣ сурат гирифта, бо имзо кардани ҳуҷ ҷ атҳои дахлдор аз ҷ ониби Директори Маркази таълими судяҳои назди Суди Олӣ Завқизода С.А. ва Сардори тозатаъйини Раёсат ченаки инсонии Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Душанбе Роберт Хойер ба анҷ ом расид.